«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот оғоз ёфт

Декабрь 3, 2024 11:44

ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо иштироки 150 нафар шоҳмотбозон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо мақсади рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузаронида шуда, ҷоизаи он 200 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар даври ниҳоӣ қавитарин шоҳмотбозон аз тамоми минтақаҳои мамлакат — шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дарёфти Ҷоми мусобиқа сабқат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 7 декабр ҷамъбаст гардида, ғолибону ҷоизадорони он дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2024 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад