«ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хуҷанд мусобиқаи дуюми байналмилалии гӯштингирӣ доир шуд

Декабрь 13, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 13.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи дуюми байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар ин мусобиқа намояндагони 15 давлат иштирок намуданд.

Аз Тоҷикистон 11 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа Ҷом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

Гӯштини миллӣ яке аз  навъҳои маъмули бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.  Ҳамасола дар доираи баргузории ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш дар сатҳи баланд баргузор мешавад.

Мақсад аз баргузории мусобиқа- ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар арсаи ҷаҳон, таъмини оммавияти варзиш дар мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни варзишгарони давлатҳо, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун ҷудо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд. Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, барои оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Декабрь 13, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд