Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо роҳнамоии Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон зиёда аз 60 ҷавон аз ҷумҳурӣ дар озмун иштирок намуд. Аз ҷумла, 4 нафар: Аҳмадҷон Назаров-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Лола Иргашева- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат», Зарнигор Бадалзода- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» ва Албина Бердникова- омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин омӯзгорон аз давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуданд.
Озмун аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 идома ёфта, дар он зиёда аз 900 нафар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






