ПАЁМ-РОҲНАМОИ ТАТБИҚИ ИДЕЯҲОИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 31, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим таҳти унвони «Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низомии давлатдории миллӣ» ҳамоиши аъзои ҳизб баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта шуд.

Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз вазъи бисёр ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар гардида, иброз шуд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.

Таъкид шуд, ки гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор гузошта шавад. Оид ба пешбурди иқтисоди рақамӣ, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 — 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.

Таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ роҳнамо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд