Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд

Декабрь 14, 2024 14:45

ДУШАНБЕ, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 24-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби 30 федератсияи варзишии аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона пазируфта шуд.

Таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар чаҳорчуби сиёсатҳои варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  то имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ 11 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст, ки аз ин 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толорҳои варзишӣ, 97 ҳавзҳои шиноварӣ, 88 маҷмаа ва марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ  фаъолият мекунад.

Дар ҷаласа ҳамчунин Зулфиқор Гулаҳмадзода (ноиби якуми раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон) котиби генералӣ, Исмоили Маҳмадзоир (Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Муҳаммад Мирзоалиев (директори генералии Федератсияи лижаронии Тоҷикистон), Саодат Носирова  (котиби генералии Федератсияи намудҳои варзиши гимнастикаи Тоҷикистон), Нурулло Лоиқов (мушовири Раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон) ва Мунира Абдусаломова (намояндаи Комиссияи варзишгарон), аъзои дигари Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2025-2028 интихоб гардида, нақшаҳои стратегӣ, кор ва буҷети Кумита барои соли 2025 тасдиқ карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 14, 2024 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад