Пешвои миллат: «Ҳисси баланди миллӣ дошта бошем ва аз тоҷик будани худ ифтихор намоем»
ДУШАНБЕ, 29.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо вазифадорем ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
«Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам»,-изҳор намуданд Пешвои миллат.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистонро ба мамлакати пешрафтаю неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






