Раёсат дар Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон вогузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода дар ҷаласаи XXII Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври онлайн иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дастгирии соҳибкорӣ, амалӣ намудани ташаббусҳои муштарак барои тақвияти тиҷорат ва сармоягузориҳо, инчунин мубодилаи таҷриба байни палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки соли 2025 Раёсати Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






