САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд

Декабрь 7, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабри соли 2024 дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Асунсйони Парагвай номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, Эрон ва Узбекистон «Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ» («Art of crafting and playing rubab/rabab») расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рубоб сози торӣ ё мизробии мусиқӣ аст, ки дар байни халқҳои Шарқ, алалхусус тоҷикон маъмул аст. Бино ба маъхазҳои адабӣ, рубоб шакли қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст. Дар Шарқ ва Аврупои ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.

Тибқи маъхазҳои таърихӣ, сози рубоб дар аҳди султон Муҳаммади Хоразмӣ дар Осиёи Марказӣ паҳн гашта, аз панҷ тор, ки чортои онҳо абрешимӣ ва яктояш нуқрагӣ мебошад, иборат аст.

Тавре мудири кафедраи эҷодиёти халқ-мусиқии созии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Тағоймурод Раззоқов иброз намуд, “то имрӯз ин соз бо мурури замон аз ҷиҳати сохт ташаккул ёфта, бо чанд намуд ба мо расидааст. Рубоби имрӯза тахминан аз асрҳои 17-18 бо шакли каме тағйирёфта ва зеботаре маъмул шудааст”.

Номбурда иброз дошт, ки мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад. Он маҳсули тафаккур ва эҷоди тоҷикони тамаддунофар буда, таърихи миллати моро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгон таҷассум менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои ниҳоят зиёд ба анҷом мерасонанд.

«Дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ рубобнавозон дар ҷашн, тӯй, сур ё дигар навъи хурсандӣ, яъне базм ҳунарнамоӣ карда, аз асбоби рубоб ба таври васеъ истифода мекарданд», -гуфт ӯ.

Ба ақидаи мусиқишинос Аслиддин Низомӣ, ин иқдом барои дар оянда ҳифз намудан ва инкишоф додани ин санъат, нахуст санъати омода сохтани ин сози маъруфи мусиқии тоҷикӣ ва ниҳоят барои рушди санъати иҷрогарии он низ мусоидат менамояд.

«Ҳоло тибқи иҷрои банди 4-уми Нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси  Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд» пешбинӣ шудааст, солҳои 2025-2026 дар Тоҷикистон бояд лабораторияи махсуси илмӣ-истеҳсолии созтарошӣ таъсис дода шавад. Он аз ҷумла ба ҳалли масъалаи омода сохтани созҳои миллӣ – рубоб мусоидат менамояд»,- афзуд ӯ.

Ба андешаи Аслиддин Низомӣ, ин қарори таърихӣ дар маҷмуъ барои боз ҳам бештар ҷаҳонӣ шудани обрӯю нуфузи ин сози нодири мусиқии миллии тоҷикон ва ба наслҳои минбаъда интиқол додани арзишҳои бузурги мероси фарҳангӣ хизмат менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иброз медоранд, «таърихи қадимӣ, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносию худогоҳӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мегардад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон баррасӣ гардид
«Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2024» гардиданд
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Дар Душанбе робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Дар Душанбе Пажуҳишгоҳи фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
«ШОМИ ШЕЪРИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад