Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» иштирок намуд

Декабрь 5, 2024 17:05

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 декабр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ конфронси «Закот, Андоз ва Гумрук 2024» (ZATCA Conference 2024) таҳти унвони «Ташаккули оянда барои экосистемаи устувор» баргузор шуд, ки дар кори он сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумрук хабар доданд, дар конференсия роҳбарони мақомоти гумрук ва андоз, ташкилоти байналмилалӣ, коршиносон ва сармоягузорон иштирок намуданд.

Масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ дар идоракунии закот, андоз ва гумрук, таъмини шаффофият ва самаранокии пешбурди фаъолияти мақомоти гумрук, имконият ва мушкилоти истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии ташкили назорати гумрукӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёти устувор ва мустаҳкамгардонии ҳамкории судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ ва андозӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумрук, андоз ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ муҳокима гардид.

Дар ҳошияи конфронс сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо роҳбари Раёсати андоз, гумрук ва закоти Подшоҳии Арабистони Саудӣ Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ мулоқот намуд, ки зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбарони мақомоти гумруки ҷонибҳо ҳамчун мақоми калидӣ дар содагардонии расмиёти савдо ва гардиши мунтазами тиҷорати байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории гумрукиро байни ду мамлакат боз ҳам вусъат диҳанд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд