Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ маросими қадрдонии соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2024 баргузор шуд. «Шоҳҷоиза» — и беҳтарин корхонаи саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 2024 насиби Корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суман» гардид.
Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки чун дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи саноат ва рушди соҳибкории хурду миёна дар мадди назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. «Новобаста аз мушкилоти сангини он давра таҳти ҳидоят ва роҳбарии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани соҳаи саноат ва бунёди иқтидори нав аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими зарурӣ андешида шуданд»,-баён дошт раиси вилоят.
Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бамаротиб зиёд мешавад. Аз ҷумла, барои расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат дар ин замина таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат, инчунин сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022 – 2026» ба тавсиб расид. Дар асоси нақшаи пешбинишуда давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта, ба истифода дода шаванд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми ду соли охир ва 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ 94 корхона ва коргоҳ мавриди истифода қарор дода шуд.
Давоми ду соли охир дар заминаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест» барои соҳаи саноати вилоят 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо гардид, ки то имрӯз аксар шартномаҳои басташуда амалӣ гардиданд.
Дар идома дар вазъияти тантанавӣ соҳибкорону саноатчиёни муваффақе, ки соли 2024 дар рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят фаъолияти назаррас нишон доданд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулии раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






