СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад

Декабрь 21, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки он имконияти хуб барои муаррифии иқтидори илмӣ ва имконияти бунёдии Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо арзёбӣ мегардад.

Расо ду сол қабл, 21 декабри соли 2022 Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 доир шуд, табрик намоям».

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Ҳамин буд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

«Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад…Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки иқдоми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид  пазируфта шуд. Ба андешаи коршиносони соҳа, қабул гардидани Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин масъала такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳоро муҳаққиқон қадами устувор барои  суръат бахшидан ба баргузории экспедитсияҳо дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ном мебаранд.

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.

Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Зимнан бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тибқи қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардидааст.

Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об далели пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳон мебошанд.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистон нигаронкунанда мебошад, зеро дар ҷумҳурии мо дар асри гузашта 30 дарсади пиряхҳо об шудаанд. Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар натиҷаи он Хазинаи боварии Созмони Милали Муттаҳид барои ҳимоят аз обшавии пиряхҳо таъсис гардид, низ бо ҳамин мақсад пешбарӣ гардидааст.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз мамлакатҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Давлати мо ҳамасола бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад.

Маҳз ба ҳамин хотир Президенти Тоҷикистон ташаббус оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025-ро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Масъалаи рақамикунонӣ барои идораи соҳаҳои геология, гидрология ва глятсиология аҳамияти бештар пайдо мекунад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?