ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
14 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2006 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Ҷопон доир шуд.
***
14 сол пеш, 14 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомад бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (баъди ворид намудани тағйироту иловаҳо соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак») суханронӣ намуданд.
***
14 декабри соли 2016 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуданд.
***
14 декабри соли 2016 дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Кару Ҷаясурия мулоқот намуданд, ки дар рафти суҳбат масоил вобаста ба роҳандозии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
14 декабри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз» дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
***
14 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод — пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён сардхонаи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Агро Саноат»-ро мавриди истифода қарор доданд.
14 ДЕКАБР:
Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил.
***
Рӯзи забони бошқирӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ширин Бунёд— соли 1941-Шоири халқии Тоҷикистон.