ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад

Декабрь 22, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вусъат мегирад. Айни замон ҳар рўзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурўши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева доир мешаванд. АМИТ «Ховар» дар ин робита тавсияи доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назировро дар хусуси риояи қоидаҳои ниҳолшинонӣ манзур менамояд.

Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат тавсия медиҳад, ки: «беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда- ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад. Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад».

Ба гуфти коршинос, «қоидаҳои асосие, ки бояд барои шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 см канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 гр нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад».

Ҳикматулло Назиров афзуд, ки «баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 см, ғафсии танаи он 2-3 см буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан ниҳолро онро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан лозим аст. Ширахокро мо аз порӯи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода мекунем. Аҳамияти ширахок он аст, ки системаи реша ва вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида, гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад. Ба замине, ки намнокии он муътадил бошад, 5 ё 6 литр об ва агар намнокӣ кам бошад, зиёда аз 10 литр об рехтанамон зарур аст».

Аз шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва пас чанд муддат хушк шудани онҳо норозигӣ баён намуда, доктори илмҳои кишоварзӣ таъкид намуд, ки «шинонидани ин гуна дарахтон аз ниҳолҳои мевадиҳанда фарқ дошта, кори нозук мебошад. Зимни шинонидани ин гуна ниҳолҳо бештари вақт қоидаҳои асосӣ риоя карда намешаванд. Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ҳаминро тавсия медиҳам, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр канданамон лозим аст».

Ёдовар мешавем, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки: «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакатро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд».

«Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем»,- хотирнишон намуданд Сарвари давлат.

Пешвои миллат дастур доданд, ки мо барои ислоҳи вазъи ногувори дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амаломада ва пешгирӣ кардани харобшавии ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.

Хотиррасон мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳиллаи якум солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 22, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 401 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро дар шаҳри Норак ҳамасола ниҳолҳои шинонидашуда хушк мегарданд?
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар Гулистон 9 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида мешавад
Дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёда аз 250 бех ниҳоли ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд
Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода 900 бех дарахти тут шинонида шуд
Дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ беш аз 200 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон беш аз 250 ҳазор дарахт шинонида шуд
БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА НИҲОЛ МЕШИНОНЕМ! Дар ҳудуди «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар шафати роҳҳои Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент беш аз 400 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
ҲАРАКАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 44 ҳазор бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишию мевадиҳанда шинонида мешаванд