ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад

Декабрь 28, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 28.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар фасли зимистон, баробари сард шудани ҳаво бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас,  илтиҳоби гулӯ, ковокиҳои димоғ, найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас ва илтиҳоби шушҳо авҷ мегиранд. Яке аз ин бемориҳо ангина — гулӯдард, заҳрбод ва ё тонзиллити шадиди илтиҳоби бодомакҳои ком мебошад.

 Ангина чӣ гуна беморӣ аст? 

 Ангина бемории шадиди сироятӣ – бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Барангезандаҳои ин беморӣ стрептококки гемолитикии гурӯҳи А, ҳамчунин стафилококк, пневмококк мебошанд. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфнок мебошанд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст зарар расонида метавонанд.

Шахс ба ин беморӣ чӣ гуна гирифтор мешавад?

Тавре мутахассисон иброз медоранд, беморӣ аввалан ба воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор ва истифода аз лавозимоти умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм- ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилҳои гуногун, ба монанди хасташавии ҷисмонӣ ва руҳӣ, сармозании организм, камғизоӣ ва норасоии витаминҳо (А, С, Е)  сабаб шуда метавонанд.

Нишонаҳои асосии беморӣ кадомҳоянд?

Аломатҳои пайдоиши бемории ангина баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод ва сурхии забонча аст.

Ангина чанд намуд мешавад?

Табибон иброз медоранд, ки намудҳои ангина ин — атаралӣ, фоликулярӣ, лакунарӣ, фибринозӣ, герпетикӣ, флегмонозӣ, захмӣ-некротикӣ ва намудҳои омехта мебошанд. Асосан се намуди бемории ангина дар беморон мушоҳида мешавад, ки ин намудҳои катаралӣ, фоликулярӣ ва лакунарӣ мебошанд. Аз рӯи миқдори фасоде, ки дар бодомакҳо ҷамъ мегардад, намудҳои беморӣ муайян карда мешаванд.

Роҳҳои табобати ангина чӣ гуна аст?

 Ангина бештар маврид дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор ҳарорати баланд ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад, барои ӯ реҷаи бистарии болинӣ ҳатмӣ мебошад.  Вобаста ба намуди ангина ва ҳолати бемор табибон доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро тавсия менамоянд. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан бояд антибиотикҳо ва аспирин истеъмол намоянд, инчунин ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва бо асал тавсия дода мешавад.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки доруҳои антибиотикро дар як рӯз се маротиба ва то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол бояд кард. Инчунин давоми як рӯз якчанд маротиба обгардон намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт  ва мармарак (шалфей)  зарур аст. Ҳангоми бемории ангина бо истифода аз маҳлулҳои гуногун ғарғара кардани гулӯ фоидаи зиёд дорад.

Маҳлулҳо қисми болоии бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод пок намуда, қиёми гиёҳҳои шифобахш  ё  каме хокаи сода ва намаки ошӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ расонида, масунияти онро қавитар мегардонанд.

Табобати нодуруст сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад

  Дар ҳолати беморӣ ҳатман бояд мутахассис бемориро муайян намуда, доруҳо тавсия намояд. Шахси бемор бояд ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат карда, табобати дуруст ва саривақтӣ гирад. Ин беморӣ метавонад оризаҳоро ба миён орад, ба монанди бемории тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор шуда, тарбод метавонад касро маъюб кунад, ҳамчунин дар натиҷа тарбод метавонад ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад ва заҳролудшавии бадан низ имкон дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 28, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст