ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 28.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар фасли зимистон, баробари сард шудани ҳаво бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, илтиҳоби гулӯ, ковокиҳои димоғ, найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас ва илтиҳоби шушҳо авҷ мегиранд. Яке аз ин бемориҳо ангина — гулӯдард, заҳрбод ва ё тонзиллити шадиди илтиҳоби бодомакҳои ком мебошад.
Ангина чӣ гуна беморӣ аст?
Ангина бемории шадиди сироятӣ – бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Барангезандаҳои ин беморӣ стрептококки гемолитикии гурӯҳи А, ҳамчунин стафилококк, пневмококк мебошанд. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфнок мебошанд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст зарар расонида метавонанд.
Шахс ба ин беморӣ чӣ гуна гирифтор мешавад?
Тавре мутахассисон иброз медоранд, беморӣ аввалан ба воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор ва истифода аз лавозимоти умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм- ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бемории ангина зиёд мешавад. Ба пайдошавии ангина омилҳои гуногун, ба монанди хасташавии ҷисмонӣ ва руҳӣ, сармозании организм, камғизоӣ ва норасоии витаминҳо (А, С, Е) сабаб шуда метавонанд.
Нишонаҳои асосии беморӣ кадомҳоянд?
Аломатҳои пайдоиши бемории ангина баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод ва сурхии забонча аст.
Ангина чанд намуд мешавад?
Табибон иброз медоранд, ки намудҳои ангина ин — атаралӣ, фоликулярӣ, лакунарӣ, фибринозӣ, герпетикӣ, флегмонозӣ, захмӣ-некротикӣ ва намудҳои омехта мебошанд. Асосан се намуди бемории ангина дар беморон мушоҳида мешавад, ки ин намудҳои катаралӣ, фоликулярӣ ва лакунарӣ мебошанд. Аз рӯи миқдори фасоде, ки дар бодомакҳо ҷамъ мегардад, намудҳои беморӣ муайян карда мешаванд.
Роҳҳои табобати ангина чӣ гуна аст?
Ангина бештар маврид дар хона табобат карда мешавад. То он даме, ки дар бемор ҳарорати баланд ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад, барои ӯ реҷаи бистарии болинӣ ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба намуди ангина ва ҳолати бемор табибон доруҳои сулфаниламидӣ ва антибиотикҳоро тавсия менамоянд. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан бояд антибиотикҳо ва аспирин истеъмол намоянд, инчунин ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва бо асал тавсия дода мешавад.
Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки доруҳои антибиотикро дар як рӯз се маротиба ва то ҳафт-даҳ рӯз истеъмол бояд кард. Инчунин давоми як рӯз якчанд маротиба обгардон намудани гулӯ бо маҳлули фуратсилин, намакоб, ё қиёми бобуна, эвкалипт ва мармарак (шалфей) зарур аст. Ҳангоми бемории ангина бо истифода аз маҳлулҳои гуногун ғарғара кардани гулӯ фоидаи зиёд дорад.
Маҳлулҳо қисми болоии бодомакҳоро аз моеъҳои часпак ва фасод пок намуда, қиёми гиёҳҳои шифобахш ё каме хокаи сода ва намаки ошӣ ба организм таъсири зиддиилтиҳобӣ расонида, масунияти онро қавитар мегардонанд.
Табобати нодуруст сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
Дар ҳолати беморӣ ҳатман бояд мутахассис бемориро муайян намуда, доруҳо тавсия намояд. Шахси бемор бояд ҳатман ба табиби оилавии минтақавии худ муроҷиат карда, табобати дуруст ва саривақтӣ гирад. Ин беморӣ метавонад оризаҳоро ба миён орад, ба монанди бемории тарбод (ревмотизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор шуда, тарбод метавонад касро маъюб кунад, ҳамчунин дар натиҷа тарбод метавонад ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад ва заҳролудшавии бадан низ имкон дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин воситаи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст






