Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
РАШТ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба 429 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва Рашт расониданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.
Туҳфаҳои идона аз сару либоси зимистона, шиму костюм, пойафзол ва шириниҳои болаззат иборат буда, онҳоро намояндагони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимон тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, онҳо таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 апрели соли 2005 таъкид дошта буданд, ки «ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони ҷанг муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоӣ намегузорам».
Ин аст, ки шахсони эҳтиёҷманд ва ятимон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Имрӯз тақдими туҳфаҳо ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани ин гурӯҳ тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар арафаи ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Рашт Наргис Қаноатова иброз дошт, ки «ман дар ин даргоҳи илму маърифат ба ҳайси ятими кулл зиндагӣ менамоям. Дар ин ҷо барои мо, ятимон беҳтарин шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, ки мо аз он истифода менамоем. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳо изҳори сипос менамоем. Ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ пайрави Пешвои миллат буданамонро дар амал исбот менамоем».
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






