Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 ҳунарманди ноҳияи Мастчоҳ бо грантҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва мардони эҷодкор дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни грантҳо баргузор шуда, 5 нафар ғолиб омаданд. Маблағи грантҳо аз 2000 то 5000 сомониро ташкил дода, ба беҳтарсозии шароити корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва рушди фаъолияти эҷодии ғолибон равона шудааст.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни супоридани грантҳо таъкид намуд, ки «ҳунармандӣ ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ буда, ба рушди ҷомеа ва дастгирии иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Чунин ташаббусҳо дар оянда идома меёбанд, то ҳарчӣ бештари занон ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шаванд».
Таъсиси грантҳои Раиси ноҳияи Мастчоҳ ҷузъе аз сиёсати дастгирии рушди иқтисодии маҳаллӣ ва тавонмандсозии занон мебошад. Ҳунармандони маҳаллӣ на танҳо иқтисоди хонавода, балки фарҳанги миллӣ ва мероси ғайримоддии моро эҳё мекунанд.
Ғолибони озмун нақшаҳои худро барои истифодаи грантҳо муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин дастгирӣ ба пешрафти кори онҳо ва ҷалби бештари занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






