ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9269 то 10.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 24.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.9269 сомонӣ;
1 евро – 11. 3596 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1091 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.9269 то 10.9500 сомонӣ;
1 евро аз 11.3596 то 11.2000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1091 то 0.1080 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».