Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки ронандагон дар давраи зимистон эҳтиёткор бошанд

Декабрь 16, 2024 16:50

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия медиҳад, ки ҳангоми номусоид будани ҳаво аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд. Дар ҳолати пеш омадани зарурат зимни сафар тавассути ағбаҳо ҳатман чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, зеро воситаи нақлиёт бо чархҳои капронии тобистона дар фасли зимистон метавонад дар роҳ ба ҳолатҳои ногувор дучор шавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки 16 декабр вазъи ҳаво номусоид шуда, боридани барф дар назар аст.

Дар баъзе минтақаҳои кӯҳии мамлакат ҳавошиносон баландшавии вазиши бодро бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мекунанд, дар бархе ҷойҳо туман мефарояд. Дар мавзеъҳои кӯҳии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар роҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Варзоб – Айнӣ – Хуҷанд», «Ваҳдат – Рашт – Тоҷикобод – Лахш», «Душанбе – Сангвор», «Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз», «Ванҷ – Хоруғ», «Хоруғ – Ишкошим – Мурғоб» дараҷаи баланди яхбандӣ, фаромадани тарма ва сангрезӣ аз эҳтимол дур нест.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама муассисаҳои нигоҳдории роҳҳоро вазифадор кардааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор карда, бо истифода аз техникаи мавҷуда роҳҳои автомобилгард ва роҳравҳои пиёдагардро сари вақт аз барф тоза намоянд.

Ба ронандагон инчунин тавсия дода мешавад, ки барои бехатарӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ дар мошин занҷирҳои зиддилағзиш ва бел дошта бошанд.

Ин тадбирҳо бо мақсади бемамониат гузаштан аз ағбаҳо бо нақлиёти боркашу сабукрав ва ба вуҷуд наомадани танбашавии сунъӣ дар роҳҳои кӯҳӣ андешида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 16, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»