Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Хавфу хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир» ҳамоиш доир гардид, ки ҳадаф аз он боло бурдани сатҳи маърифатнокии афсарони ҷавон, курсантон, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии низомиён арзёбӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо таҳкими сулҳу оромӣ ва беҳдошти вазъи сиёсӣ-иқтисодӣ дар мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бузурги бунёдкорию созандагӣ, рушди илму маориф, дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва таъмини пешравиҳои назаррас дар ҳама самту соҳаҳо ба вуқуъ пайваст.
Имрӯз терроризм ва экстремизм на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, новобаста аз дараҷаи тараққиёти онҳо таҳдид мекунанд. Бинобар ин, тамоми кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремистону террористон тадбирҳои қатъӣ андешида, қонунгузориро бобати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару нафратовар пурзӯр намоянд.
Таъкид гардид, ки афсарону сарбозони шуҷои Ватанро мебояд, ки барои мубориза бо хатарҳои эҳтимолӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд. Ҳамзамон дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор ҳастанд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






