Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Декабрь 11, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 11.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод вобаста ба раванди иҷрои протоколи ҷаласа дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ташкилу назорати корҳои ободонию сабзазоркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, ташкили гӯшаҳои ҳунармандӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумот дод.

Барои бартараф намудани камбудӣ ва мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат аз ҷониби роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ- муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид