АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо

Январь 1, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли ду ҳазору бисту панҷ дар тақвими шарқӣ соли мор аст. Ин соли 2025-уми давраи мо, соли 25-уми ҳазорсолаи сеюм, соли 25-уми асри XXI, соли панҷуми даҳаи 3-юми асри XXI мебошад.

Соли 2025 сокинони Тоҷикистонро кадом навгониҳо интизоранд?

Дар ин хусус матлаби омодакардаи хабарнигорони АМИТ «Ховар»  пешниҳод мегардад

Дар Ҳукумати Тоҷикистон

Моҳи январ дар Душанбе ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нави 2025 баргузор мешавад, ки дар он натиҷаҳои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар соли 2024 ҷамъбаст ва вазифаҳои асосии соли 2025 муайян хоҳанд шуд.

Дар Душанбе

Соли 2025 бори нахуст дар шаҳри Душанбе Конференсияи минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад.

Буҷет

Буҷети соли 2025 бо назардошти дар ҳаҷми 166,1 миллиард  сомонӣ пешбинӣ гардидани дурнамои Маҷмуи маҳсулоти дохилии давлат барои соли 2025, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 49,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад, воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 22,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, гумрук 10,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад, воридоти ғайриандозӣ 1,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 34,4 дарсад, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,2 миллиард сомонӣ бо мутаносибан 60 дарсад грантҳо ва 40 дарсад қарзҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 23,9 миллиард сомонӣ тасдиқи хусусияти возеҳи иҷтимоӣ будани буҷети соли 2025 мебошад.

Ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз буҷет 15,2 миллиард сомонӣ равона гардид, ки он ба мустаҳкам намудани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат мекунад.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети давлатӣ дар заминаи таҳлили пайомадҳои эҳтимолӣ, арзёбии рушди соҳаҳои иқтисод аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 51,6 миллиард сомонӣ бо афзоиш ба андозаи 7,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар сохтори хароҷоти умумии буҷети давлатӣ маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 37,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 24,5 дарсад, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ дар ҳаҷми 2,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 12,9 дарсад пешбинӣ гардидаанд.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ,  инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд мешавад.

Ҳамзамон музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқарар карда мешавад.

Дар баробари ин тибқи супориши Пешвои миллат аз 1 сенятбри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Сиёсати хориҷӣ

1 январи соли 2025  Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегардад.

***

Моҳи май дар Душанбе ҷаласаи Шурои раисони ҳукуматҳо-сарвазирони  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.

***

Моҳи октябр дар Душанбе Саммити сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир  мегардад.

***

Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро бо Давлати Кувайт (31 марти 1995), Шоҳигарии Баҳрайн (20 майи соли 1995), Амороти Муттаҳидаи Араб (19 декабри соли 1995), Ҷумҳурии Сингапур (8 декабри соли 1995), Шоҳигарии Камбоҷа (29 ноябри 1995) ва Ҷумҳурии Ироқ (30 ноябри 1995) таҷлил мекунад.

Парлумон

2 марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир мегардад.

Дар соҳаи иқтисод

Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд.

Дар самти фарҳанг

Шуруъ аз соли 2025 «Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» амалӣ мегардад.

***

Соли 2025 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

***

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд.

***

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд.

***

Соли 2025 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд.

***

Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад.

Дар соҳаи ҳифзи табиат

2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

***

21 март бори аввал Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад.

***

Моҳи май дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе,  29-31 майи 2024) баргузор мегардад.

***

2025 – «Даҳсолаи амал оид ба дастгирӣ аз илмҳои яхшиносӣ 2025-2034» оғоз мегардад.

Дар соҳаи савдо ва саноат

Соли 2025 Раёсати Шурои роҳбарони палатаҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад.

***

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок менамояд

Дар самти тадқиқоти стратегӣ

Соли 2025 Душанбе мизбони Форуми VIII коршиносони Осиёи Марказӣ мегардад.

Дар самти гумрук

Аз 1 январи соли 2025 дар ҷумҳурӣ марҳилаи рамзгузории электронӣ ба воситаҳои доруворӣ ва  молҳои тиббӣ  бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» оғоз мегардад.

Дар самти маориф

Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд

***

Соли 2025 дар Тоҷикистон бори нахуст ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф баргузор карда мешавад.

***

Аз соли 2025 маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» шуруъ аз мактабҳо  то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар самти варзиш

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои навбатии зимистонаи осиёӣ, ки аз 7 феврал то 14 феврали соли 2025 дар Ҳарбини Чин баргузор мешаванд, иштирок менамоянд.

Таҳиякунандагон:
Пайрав ҚОСИМ,
Раъно НУСРАТУЛЛО,
Зарангези ЛАТИФ,
Шаҳлои САДРИДДИН,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод