Ҳавои моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ мешавад

Январь 6, 2025 15:18

ДУШАНБЕ, 06.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи имсола нисбат ба соли 2024 гармтар пешгӯйӣ шуда,  ба ҳавои моҳи январи соли 2000 монанд аст. Дар водиҳо, ноҳияҳои кӯҳӣ ва дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ аз 1 то 2 дараҷа баланд мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+5 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1+2 дараҷа гармиро  ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11-16 ва  рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 1+2 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-6 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар водиҳо шабона аз 2 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 18 ва рӯзона 8 дараҷа хунук мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ҳаво то 3-9 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, шабона аз 3 то 11  ва рӯзона аз 1 то 7 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 14 ва рӯзона 9 дараҷа хунук мешавад.

Моҳи январ ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 17 то 30 ва дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, то 32-37 дараҷа хунук мешавад.

АКС аз Dushanbe travel

Январь 6, 2025 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд