«ҶАВОНОН-ҲОМИИ САРСАБЗИИ ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН». Онҳо дар Душанбе 1000 бех ниҳоли сояафкан шинониданд

Январь 20, 2025 15:16

ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-ҳомии сарсабзии табиати Тоҷикистон» дар талу теппаҳои мавзеи Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 200 корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 1000 бех ниҳоли сояафкан шинониданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар доираи «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мамлакати сабз» барои солҳои 2023-2027» то соли 2026 дар Тоҷикистон дар чор ҳазор гектар 135 миллион бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳо, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар шинонида мешаванд.

Ин иқдом дар доираи ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад. Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 20, 2025 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад