Аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардиданд

Январь 22, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино хабар доданд.

Дар маҷлис баррасии масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаю ташкилоти ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино барои шашмоҳаи якуми соли 2025, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Сино баррасӣ гардид. Инчунин пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Дар робита ба масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзнома вобаста ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ва пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино номзадҳои арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Вобаста ба тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб ва қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино

Январь 22, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд