Аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ гардид

Январь 7, 2025 10:16

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён баргузор гардида, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии  Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар маҷлис масъалаҳои тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ  №30 баррасӣ гардиданд. Маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиёнро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Лола Сулаймонзода оғоз намуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба ҳозирин тавзеҳ дода, гуфт, ки ин санад навиди навгониҳо ва нақшаҳои ояндасози мамлакат маҳсуб мешавад.

Аз рӯи масъалаи дуюми маҷлиси якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода сухан гуфта, номзадии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназарро  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30  пешбарӣ намуд. Иброз шуд, ки интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ раванди муҳими сиёсие аст, ки пешрафту рушди минбаъдаи давлати мо ба натиҷаҳои он сахт вобаста мебошад.

Интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ мақоми махсус дошта, иштироки фаъолонаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ ва интихоби огоҳонаи онҳо омили муҳимми суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тибқи нақшаи баргузории маҷлис Комиссияи баҳисобгирии овозҳо тасдиқ карда шуда, номзадии Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷалолиддини Балхӣ №30 пешбарӣ шуд.

Дар анҷом бо овоздиҳии аъзои кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Қубодиён номзадии Ғоибназарзода  Саид Муҳаммадназар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботи Ҷалолиддини Балхӣ №30 интихоб гардид.

Январь 7, 2025 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд