Байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Январь 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 январ аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 23 санади  нави ҳамкорӣ табодул карда шуд.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони миллии стандарти Эрон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Тавре аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Ёддошти тафоҳум бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти стандартизатсия, танзими техникӣ ва метрология бо назардошти талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ва манфиатҳои миллӣ табодул карда шуд.

Ҳамзамон Ёддошти тафоҳум барои ба роҳ мондани фаъолияти муштарак бобати ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ,  гузаронидани даврҳои омӯзишии кормандон дар самти стандартизатсия ва метрология шароити мусоид фароҳам меорад.

Ин санади ҳамкорӣ бо мақсади бартарафкунии монеаҳои техникӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ, бо назардошти манфиатҳои мутақобили иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ боварӣ ҳосил намудан ба зарурати таъмини истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии бехатар, ки ба ҳаёту саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, фаъолияти муштарак ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва таъмини ченкунии ягона таҳия шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд