БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 санги асос гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бинои иловагии мактаби мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1100 нафар хонанда дар як баст то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании «Ҳамдастӣ-2013», «Дурахшони Осинот», «Кохи Истиқлол», «Авесто гуруҳ» ва «Фараҳ», ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд, бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилояти Суғд бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ ҳамасола то 60 адад мактаби нав ва 60 адад кӯдакистон бунёд карда мешавад. Ин иқдом то ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт. Хушбахтона, ин иқдоми давлату Ҳукуматро соҳибкорон, аҳолӣ ва шахсони алоҳида дастгирӣ намуда, дар бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Таъкид гардид, ки ин тадбирҳо дар партави дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешда шуда, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар мактабҳои вилоят аз байн бурда мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки: «бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»






