БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод шуд, масъалаи мубориза бо хурофот таъкид гардид. Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Некрӯз ҚУДРАТОВ дар ин мавзуъ чунин ибрози назар кард:
— Новобаста аз он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва қонунҳо дар самти муборизаю муқовимат ба экстремизм ва терроризм қабул ва дар амал татбиқ мегарданд, ҳанӯз ҳам ҳамроҳшавии ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ нигаронкунанда боқӣ мемонад.
«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва минбаъд «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025», инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» якҷоя бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон заминаи муҳим барои мубориза бо ин таҳдидҳоро ба вуҷуд овардаанд. Аммо маълумоти омории Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар даҳсолаи охир сатҳи ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоиш дорад. Масалан, агар соли 2014 ҳамагӣ 143 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ба қайд гирифта шуда бошад, танҳо то моҳи октябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба 1102 расид, ки 6 маротиба зиёд мебошад. Чунин тамоюли болоравӣ дар солҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад: соли 2015 – 378, соли 2016 – 875, соли 2017 – 837, соли 2018 – 535, соли 2019 – 682, соли 2020 – 825, соли 2021 – 900, соли 2022 – 845 ва соли 2023 – 1069 ҳолат.
Ин омор далели он аст, ки чораҳои то имрӯз андешида, сарфи назар аз муҳиммият ва саривақтӣ буданашон барои пурра пешгирӣ намудани ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳанӯз ҳам самаранок нестанд. Барои бартараф намудани чунин мушкилот, пеш аз ҳама, зарур аст, ки ҳамкории байниидоравӣ тақвият дода шуда, чораҳои бештар самарабахши иттилоотӣ (тавассути ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ), тарбиявӣ ва ҳуқуқӣ (қабули барномаҳои нав ва ба талаботи замон мувофиқ) андешида шаванд. Ҷавонон бояд аз хатари ин равандҳо огоҳ шуда, дар назди худ вазифаи ҳифзи ваҳдат, субот ва арзишҳои миллиро гузоранд. Дар ин раванд нақши оила, мактаб, ҷомеа ва муассисаҳои давлатӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористию экстремистӣ, ки имрӯзҳо шаклу усулҳои нав гирифтаанд, ҷуғрофиёи худро васеъ намуда, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва дигар амалҳои экстремистиро тағйир додаанд.
Ташкилоти экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда (миқдорашон ба 29 адад расидааст) дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо назардошти вазъи ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ ва болоравии динамикаи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ нақши меҳварии ҷавононро дар ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва рушди мамлакат таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин ҳолат ҷавонони ҷумҳуриро водор месозад, ки ҳамеша аз таҳаввулоти геополитикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии сайёра бохабар бошанд, то тавонанд бо хатарҳои идеологӣ, аз ҷумла мафкураи радикалӣ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ муқовимати муассир намоянд.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат ва Ваҳдати миллӣ аз ҷавонони ватандӯст талошу омодагии доимӣ талаб мекунад. Пешвои миллат ҷавононро ба донишандӯзӣ, илмомӯзӣ, худогоҳию худшиносӣ ва фаъолияти созанда даъват карда, таъкид намуданд, ки танҳо тавассути илму донишҳои замонавӣ ва маърифати баланд метавон бо таҳдидҳои муосир мубориза бурд.
Роҳбари давлат муҳимияти ин рисолати ҷавононро дар рушди мамлакат, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва оромии сиёсӣ дар шароити душвори ҷаҳони муосир ёдрас карда, ҷавононро неруи асосии пешбарандаи ҷомеа номиданд.
Ин таъкидҳо аз эҳсоси баланди масъулият ва эътимоди Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон ва нақши онҳо дар рушди устувори имрӯзу ояндаи Тоҷикистон дарак медиҳад.
Ин даъвати Президенти Тоҷикистон барои муттаҳидӣ, ватандӯстӣ ва талошҳои якҷоя ба хотири пешрафт ва ободии Ватан мебошад.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба ҷомеа танҳо бадбахтӣ меоварад». Ҳақ бар ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зеро ҷаҳолат метавонад сабаби мушкилоти ҷиддии сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ гардад, чунончӣ: а) ҷаҳолат метавонад инсонҳоро ба сӯи мафкураи ифротӣ ва хурофот бурда, ба амалҳои хатарнок ва зиддиқонунӣ водор созад; б) надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ё арзишҳои ахлоқӣ метавонад боиси афзоиши ҷинояткорӣ гардад; в) ҷомеае, ки ба маърифат ва дониш аҳамият намедиҳад, дар рушду тараққӣ ақиб мемонад.
«Ҷаҳолат модари ҳама ҷиноятҳост» – ин гуфтаи Оноре де Балзак моро таъкид мекунад, ки бесаводӣ ва бемаърифатӣ решаи аксари ҷиноятҳо, яке аз омилҳои асосии ҷинояткорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Дар воқеъ, вақте ки инсон аз илму маърифат дур мемонад, дидгоҳи ӯ маҳдуд гардида, аз қобилиятнокии таҳлили оқибатҳои кирдораш маҳрум мегардад ва ниҳоят метавонад даст ба ҷиноят занад.
Ҷаҳолат на танҳо ҳолати шахсӣ (бесаводӣ ва ё бемаърифатии як фард ё гурӯҳи шахсон), балки як мушкилӣ ё як маризии ҷамъиятӣ низ мебошад, ки метавонад ба паҳншавии мафкураҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва амалҳои зиддиконститутсионӣ сабаб гардад. Ҷомеае, ки ба дониш, маърифат ва тарбияи насли наврасу ҷавонон аҳамияти хосса медиҳад, метавонад сатҳи ҷинояткориро коҳиш дода, сатҳи зиндагии шоистаи шаҳрвандонашро баланд бардорад. «Мардуми мо низ мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд». Аз ин рӯ, беҳтарин роҳи мубориза бо ҷаҳолат таъмини дастрасӣ ба таҳсили босифат (дар ҳама зинаҳо), тарғиби фарҳанги донишандӯзию илмомӯзӣ (масалан, тавассути озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва дигар озмунҳо) ва ташвиқи тафаккури интиқодӣ мебошад. Ҷомеа, ки ба маърифат эҳтиром мегузорад, на танҳо аз ҷиноятҳо эмин мемонад, балки ба рушди устувор ва саодати умумӣ низ мерасад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин хотир иброз доштанд, ки «пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Боварӣ дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёна барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд».
Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат, ки дар шароити муосир аҳамияти хосса пайдо кардааст, яке аз вазифаҳои муҳим ва рисолати шаҳрвандии ҳар фарди ватандӯсти тоҷик аст. Хурофот ва ҷаҳолат зуҳуроте ҳастанд, ки аз бесаводӣ, бемаърифатӣ ва надоштани сатҳи зарурии донишҳои замонавӣ ба вуҷуд меоянд. Ин амалҳои манфӣ боиси коҳиши сатҳи пешравии иҷтимоиёт ва афзоиши паҳншавии таассуб дар давлату ҷомеа мегарданд. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳаввулоти босуръати илмӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ аст, ҷомеае, ки ба хурофот дода мешавад, наметавонад ба рушди устувор ва суботи миллӣ ноил гардад.
Бесаводӣ ва бемаърифатӣ, ки решаи асосии ҷаҳолат аст, инсонро аз дарки воқеият ва арзишҳои инсонӣ маҳрум месозад, ҳолати мазкур боиси афзоиши бадбинӣ, нафрат ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ мегардад. Тамаъ ва дигар ҳирсу ҳавасҳои ношоиста низ аз ҷаҳолат маншаъ мегиранд, зеро шахси ноогоҳ наметавонад эҳтиёҷоти воқеӣ ва маънавии худро дуруст шиносад ва идора кунад. Ҷаҳолат инсонро ба роҳҳои хато мебарад, ки дар онҳо адолати иҷтимоӣ поймол мегардад. Ҳамин тариқ, ҷаҳолат на танҳо ба шахс, балки ба тамоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, зеро он решаи аксар мушкилот ва ҷиноятҳо мебошад. Роҳи ягонаи халосӣ аз ин иллатҳо донишандӯзӣ ва тарғиби маърифат дар ҷомеа мебошад. Дар мавриди аз ҷаҳолат озод шудани инсон дили ӯ аз кина пок мегардад, ҳасад ба эҳтиром табдил меёбад ва тамаъ ҷойро ба қаноат ва инсоф медиҳад. Ҳамин аст роҳе, ки ҷомеаи инсонӣ метавонад ба суботи маънавӣ ва адолат ноил гардад.
Бинобар ин, маърифат ва дониш ба силоҳе шабоҳат доранд, ки метавонад инсонро аз доираи ҷоҳилӣ берун оварад ва ба ӯ имкон диҳад, ки воқеиятро дуруст дарк кунад ва ба он баҳои дуруст гузорад. Ҳар фард бояд на танҳо ба худомӯзӣ машғул шавад, балки дигаронро низ ба донишомӯзию илмомӯзӣ тарғиб кунад, то дар паҳн кардани фарҳанги маърифатнокӣ саҳм гузорад. Давлат ва ҷомеа вазифадоранд, ки шароити мусоидро барои омӯзиш, донишандӯзӣ ва илмомӯзии сокинон фароҳам оваранд. Маориф, фарҳанг ва илм бояд ҳамчун василаҳои асосии мубориза бо ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ истифода шаванд. Аммо ин ҳолат танҳо бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд буда наметавонад, ҳар шаҳрванд, новобаста аз мақом ва вазифаи худ бояд дар таҳкими маърифат ва муқовимат ба ҷоҳилияту хурофотпарастӣ ҳисса гузорад. Танҳо тавассути ҳамкории фаъолонаи давлат ва мардум ҷомеа метавонад аз таъсири хурофот ва ҷаҳолат раҳоӣ ёфта, ба рушди устувор ноил гардад.
Барои таъмини сулҳу субот, оромии Тоҷикистон, таҳкими давлатдорӣ ва пойдории Ваҳдати миллӣ, ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, боз ҳам ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ рӯй оранд, зеро дониш василае аст, ки метавонад онҳоро аз таъсири мафкураҳои ифротӣ ва хурофот дур нигоҳ дорад. Ҷавонон бояд руҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро дар худ ташаккул диҳанд ва дар амал онро нишон диҳанд. Ҳар ҷавон вазифадор аст, ки дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳм гузорад, ба омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир машғул шавад ва малакаҳои заруриро барои саҳмгузорӣ дар пешрафти давлат такмил диҳад. Танҳо тавассути худшиносию худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва талоши пайваста ҷавонон метавонанд ҳадафҳои миллии ҷомеаро дастгирӣ намуда, ояндаи равшани Тоҷикистонро таъмин кунанд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои давлату миллат роҳнамои стратегии рушди давлат ва ҷомеа мебошад, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, вазифаҳо барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ғайра мушаххас шудаанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои амал барои ҳама қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ буда, вазифаҳои мушаххасро барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ муайян менамояд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд, мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дошта бошем. Маҳз бо ҳамин иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа тамоми нақшаҳои давлату ҳукумат дар солҳои наздиктарин амалӣ мегарданд ва Тоҷикистон ба давлати пешрафтаю неруманд ва ободу сарсабз табдил меёбад.