Барои баланд бардоштани маҳорати мутахассисони соҳаҳои сайёҳию хизматрасонӣ даври омӯзишӣ оғоз шуд

Январь 13, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорати педагогии омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои сайёҳию хизматрасонӣ даври омӯзиширо оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.

Ҳадафи асосии даври «Маҳорати педагогӣ» такмил додани малака ва донишҳои омӯзгорон ва мутахассисони соҳа дар самти истифодаи усулҳои муосири таълим ва педагогика мебошад.

Даври омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» одатан барои омӯзгорони тамоми зинаҳои таълим буда, ба баланд бардоштани сифати таълим ва таъсирбахшии он мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон беш аз 80 омӯзгор аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ба ин даври омӯзишӣ  ҷалб гардидаанд. Онҳо пас аз хатм бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлону Суғд низ даври омӯзишӣ ташкил шудааст.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 13, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд