Барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд

Январь 15, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расонида шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ доданд, созишномаҳоро дар Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Маблағи умумии созишномаҳо 39  миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, 30 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ ва 9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.

Мақсади асосии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасонии алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақамии аҳолӣ мебошад.

 АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд