Барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ доданд, созишномаҳоро дар Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.
Маблағи умумии созишномаҳо 39 миллион доллари амрикоиро ташкил намуда, 30 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Бонки ҷаҳонӣ ва 9 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ аз ҳисоби Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) мебошад.
Мақсади асосии лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» вусъат бахшидан ба дастрасӣ ва хизматрасонии алоҳидаи рақамии давлатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақамии аҳолӣ мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд






