Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ ва шуъбаҳои минтақавии бонк тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии аз филизи нуқра сиккашуда ба фурӯш гузошта шудаанд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашну солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳимми таърихӣ бо ҳадафҳои нумизматӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд.
Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии «600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «90-солагии шаҳри Душанбе», «5500-солагии Саразм», «3000-солагии Ҳисор», «Бозиҳои олимпӣ», «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё» ва «Бахшида ба оғози кори НБО-и «Роғун»» аз ҳамин қабил ҳастанд.
Шаҳрвандон имкон доранд барои дастрас намудани тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва шаҳраки Ғарм муроҷиат намоянд.
Нумизматика чист?
Нумизматика — илм ё санъати ҷамъоварии тангаю сикка ва дигар рамзҳои пулии таърихӣ мебошад. Ин соҳа ба омӯзиши таърих мусоидат карда, ҳамчун анъанаи фарҳангӣ дар ҷомеи кишварҳои гуногун рушд намудааст.
Ҷамъоварии тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ҳамчун қисми таркибии ин соҳа на танҳо барои коллексионерон, балки муҳаққиқони таърих низ манфиатовар мебошад, зеро дар пайдо намудани маълумоти ҷолиб оид ба таъриху равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии давраҳои гуногун, ҷашнҳои миллӣ ё байналмилалӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги замон кумак менамояд. Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ дар пур кардани коллексияҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани аҳаммияти арзишҳои таърихию фарҳангии давлат низ нақши муҳим доранд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд






