Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд. Ин аз он сабаб аст, ки системаи муҳофизатии бадани кӯдакон ҳанӯз комилан рушд наёфтааст. Онҳо дар мактабҳо, боғчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҳамсолони худ бештар дар иртибот ҳастанд, ки ин ҳолат паҳншавии вирусро афзоиш медиҳад. Инчунин омили дигар- ин риоя накардани қоидаҳои тарзи ҳаёти солим мебошад. Чунин иброз намуд табиби сироятшинос Ҳомид Ҳомидзода.
Зуком бемории вирусӣ буда, сироят ёфтан аз он хеле осон аст, махсусан дар кӯдакони синну соли аз як то сесола он бештар ба мушоҳида мерасад. Манбаи сирояти вирус шахси бемор мебошад. Он бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ, ҳангоми атса задан, сулфидан ва ҳатто суҳбат кардан аз шахси бемор ва одамони солими атрофаш ба кӯдакони хурдсол гузашта метавонад. Кӯдаконе, ки нишонаҳои зуком доранд, бояд як муддат ба боғча ё мактаб нарафта, дар хона нигоҳ дошта шаванд.
Барои пешгирии зуком ҳавои хонаро мунтазам тоза нигоҳ бояд дошт. Дар фасли сард кӯдакон бояд мувофиқи ҳаво либос пӯшанд. Аз сармо муҳофизат кардани кӯдакон тавассути сарпӯшҳо, дастпӯшҳо ва пойафзоли гарм муҳим аст. Ваксинаи зидди зуком усули самаранок барои пешгирии беморӣ мебошад. Он иммунитети кӯдакро бар зидди намудҳои маъмултари вирусҳои зуком ташаккул медиҳад. Инчунин таъмини кӯдакон бо ғизои бой аз витаминҳо (A, C, D, E) ва минералҳо барои қавӣ гардонидани системаи муҳофизатӣ хеле муҳим мебошад.
Барои кӯдакон вақти муайяни хоб ҷудо гардидааст, яъне дар як шабонарӯз онҳо бояд аз 9 то 12 соат хоб раванд. Ба фарзандони худ омӯзонед, ки пеш аз хӯрокхӯрӣ ва пас аз рафтан ба ҳоҷатхона дастони худро бо собун шӯянд.
Нишонаҳои ин беморӣ дар кӯдакон таб, сулфа ё обравии бинӣ ва беиштиҳоӣ мебошад. Инчунин дар кӯдакони то яксола зуком метавонад боиси дарди сар, дарди шадид ва сихзании чашмон, гум шудани иштиҳо, дигар шудани ранги рӯй ва сафедчатоб шудани пӯсти кӯдак, маҳкам шудани бинӣ, дарди гулӯ, сулфаи хушк, намакидани пистони модар ва нооромӣ, бехобӣ ва гирёнчак шудани онҳо гардад.
Ҳангоми бепарвоӣ зоҳир намудан ва сари вақт табобат накардани зуком кӯдакон ба оризаҳои дигар гирифтор мешаванд. Бештари кӯдакон бар асари зуком ба шамолкашии шадиди шуш ва узвҳои дигари роҳҳои нафас-бронхит ва пневмония гирифтор мешаванд, ки табобаташон нисбат ба зуком хеле душвор ва тӯлонитар аст. Зуком метавонад ҳамчунин боиси ба отит (шамолкашии узви шунавоӣ) ва гайморит гирифтор шудани тифлакон бигардад. Мубтало гаштан ба зуком ҳатто ба дил низ зарар дошта, кӯдакро ба миокардит гирифтор карда метавонад. Бар асари зуком мағзи сар низ метавонад осеб дида, тифл ба илтиҳоби мағзӣ ва дигар бемориҳои системаи асаб гирифтор шавад.
Ҳомид Ҳомидзода иброз намуд, ки бештари волидайн ҳангоми нишонаҳои зуком худсарона ва бе тавсияи табиб аз дорухонаҳо дору харида, кӯдаконашонро табобат мекунанд ё аз табобати бемори дигар истифода мебаранд. Дар ин ҳолат оризаҳои дигар ба амал меоянд.
Бояд ба маслиҳатҳои табиб бо диққат гӯш дода, тавсияҳояшро иҷро намоед. Дорую давои таъйинкардаи табибро дар вақту соати муайян ба кӯдак хӯронед, агар сӯзандору фармуда бошад, онро бе таъхир гузаронед. Кӯдак бояд реҷаи бистариро риоя кунад. Ба тифлак ба миқдори зарурӣ чой ва оби гарм диҳед, то ҷисмаш ба зудӣ тоза шавад. Агар тифлак хӯрок хӯрдан нахоҳад, ӯро маҷбур накунед. Ҳангоми гирифтор шудан ба зуком иштиҳо гум мешавад, вале ба кӯдаки бемор кам-кам хӯрокҳои сабук додан зарур аст, то рӯдаҳояш холӣ намонанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид






