Дар 39 ҳавзаи интихоботии шаҳри Бохтар номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ пешбарӣ шуданд

Январь 23, 2025 10:48

ДУШАНБЕ, 23.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаю ташкилоти ибтидоии шаҳрии ҳизб дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар дар 39 ҳавзаи интихоботии шаҳри Бохтар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, дар ҷараёни маҷлис номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят муаррифӣ гардиданд.

Ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии вилоятии №1 номзадии Давлаталӣ Саид, дар ҳавзаи интихоботии №2 номзадии Абдулмаҷид Муминзод, дар ҳавзаи интихоботии №3 номзадии Ҳасан Асадуллозода ва дар ҳавзаи интихоботии №4 номзадии Фирдавс Валиев пешбарӣ гардид. Ҳамзамон дар 39 ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ номзадҳо пешбарӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар

Январь 23, 2025 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд