Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд

Январь 1, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ, дар маҷмуъ мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат баён гардидаанд, ки бояд тамоми ниҳодҳои мамлакат онро сармашқи кори худ қарор диҳанд. Чунин гуфта шуд дар ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа роҳбарият ва аъзои Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам роҷеъ ба фаъолияти Кумитаи иҷроия давоми соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 тавассути рӯнамоии дастовардҳо, инчунин раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов оид ба фаъолияти Шурои куҳансолон дар соли 2024 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ба иштирокчиён расонида шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 1, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд