Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии Тоҷикистон марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малака таъсис дода мешаванд

Январь 1, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии мамлакат ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҳама шаҳру ноҳияҳои сераҳолии ҷумҳурӣ таъсис додани марказҳои касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро таъмин намояд. Дар ин хусус зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки таълим дар ин марказҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд ва ҳар сол дар онҳо фаро гирифтани на кам аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандон таъмин карда шавад.

Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуд, ки дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд.

Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳама муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

Бо назардошти равандҳои муосир Президенти Тоҷикистон вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдоро вазифадор намуданд, ки барои ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.

Январь 1, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар