Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 номзад аз ҲХДТ пешбарӣ гардид

Январь 11, 2025 11:17

ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Қиёмиддин Давлатзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Айнӣ, №22 пешбарӣ карда шуд.

Тавре дар Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ иттилоъ доданд, 10 январ дар ноҳияи Айнӣ маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024, ташкили Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки моддаҳои 30 ва 31-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот номзад пешбарӣ намоянд.

 АКС: Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Январь 11, 2025 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд