Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш вобаста ба соҳаи маориф ва пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи оянда ибрози назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки «Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба самти омодасозии кадрҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур доданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ татбиқ шавад».
Сарвари давлат барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон доир ба вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар назди кормандони соҳаи энергетика, аз ҷумла аз моҳи майи соли 2027 бартараф намудани норасоии неруи барқ ва ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ гузошта шуданд, ибрози назар карда шуд.
Тоҷикистон дар масири ноил шудан ба истиқлоли комили энергетикӣ қарор дошта, соли 2027 ба ин ҳадафи стратегӣ мерасад. Ин дастоварди бузурги таърихӣ самараи талошҳои ҳадафмандона ва пайгирони Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин замина Тоҷикистон метавонад ба маркази минтақавии истеҳсоли энергияи «сабз» табдил ёбад, ки ин барои ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои минтақа имконияти нави рушд фароҳам меорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








БОЗНИГАРИИ ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ СИЁСӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон самтҳои асосии рушди устувори давлатро барои марҳилаи нави таърихӣ муайян менамояд
Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






