Дар Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад

Январь 16, 2025 13:10

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон дар бахшҳои «Пулҳои тиҷоратӣ ва инноватсияҳо: нигоҳи нав ба робитаҳои иқтисодӣ» ва «Кашфи уфуқҳои нав: Тоҷикистон ва Эрон –пайвасти фарҳангҳо дар ҷаҳони сайёҳӣ» идома ёфта, дар он роҳбарону намояндагони  вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Эрон  доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон  сухан менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон  санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расанд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январ дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон доир гардид. Дар он доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат  вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистонро  баррасӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад