Дар Душанбе бо иштироки 1048 хонанда даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино маросими бошукуҳи ифтитоҳи даври сеюм (шаҳрӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи аввал 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар олимпиада иштирок доранд, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Таъкид шуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд буда, дар ин самт бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои судманду муассир амалӣ карда мешаванд. Ин аст, ки дар пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон торафт вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе


















САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд






