Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд

Январь 1, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 01.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо марбут ба татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзуи «Дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ: аз Паём то Паём» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ва вазъи фазои сармоягузорӣ дар мамлакат дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» буд, ки 28 декабри соли равон пешниҳод гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода рушди ҳаматарафаи соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории инноватсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мамлакат унвон намуда, баён дошт, ки дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадбирҳо андешида шудаанд, аз ҷумла ба кумита ва вазорату идораҳои соҳавӣ супориш дода шуд, ки бо нишон додани маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираю имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои асосии беҳтар намудани фазои сармоягузории мамлакат дар муҳлати се моҳ «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намоянд.

Иброз гардид, ки дар айни замон рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолии инноватсионӣ, дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши бориз дорад. Ҳоло дар назди Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба мамлакати транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва тавсеаи имконияти шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди соҳибкориии инноватсионӣ вазифаҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Дар ҳамоиш иброз шуд, ки масъалаи дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ низ муҳим боқӣ мемонад. Боло бурдани фоизи қарз ва хадамоти бонкӣ боиси дастнорас будани онҳо ба аксари аҳолӣ ва соҳибкорон гаштааст. Дар умум, дастнорасии қарзҳои бонкӣ, андозҳои зиёд, гароншавии маводи минералӣ, об ва дигар воситаҳои кумакрасон то андозае ҳавасмандии соҳибкоронро ба рушди истеҳсолот коҳиш медиҳад. Ҳоло он ки бояд бештари маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои нави ба истифода додашаванда ба содирот нигаронида шуда бошад, ки ин масъала низ аз назари Пешвои миллат таҳлилу баррасии амиқ карда шуд.

Таъкид гардид, ки рушди фаъолияти соҳибкории иноватсионӣ ва ҷалби сармоя тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, чун яке аз омилҳои асосӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат пазируфта шудааст. Доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусӣ бо мақсади беҳтар сохтани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ  ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар мамлакат корҳои арзишманд амалӣ мегарданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 1, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад