Дар Душанбе доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 03.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мо, ҷавонону варзишгарон ба сӯи фардои дурахшон» ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чанд нуктаи муҳимро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ёдрас шуд.
Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои ҷавонон имконоте фароҳам овардаанд, ки ҳар ҷавон аз онҳо бояд самаранок истифода барад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҳар ҷавон бояд дар ободкорию созандагӣ саҳм гузорад. Чуноне ки мебинем, имрӯз ҷавонони хуштолеи мо метавонанд берун аз мамлакат таҳсил ва фаъолият намоянд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳор гардид, «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба паҳлуҳои дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маърузаҳо шунида шуданд.
Иброз шуд, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мебошанд. Пешвои миллат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон, бахусус ҷавонон эътимоди комил доранд. Мо бояд бо фаъолияти баланд ва нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори боварии Роҳбари давлатамон гардем.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






