Дар Душанбе сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Январь 8, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз сад аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ дар оянда ба омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо мусоидат намуда,  имконият медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни ифтитоҳи сессия иброз намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати ниҳоят баланд рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имконияти мусоид фароҳам овардаанд.


Ҳамин аст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.

Дар идома аъзои фаъоли Академияи илмҳои хурд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 8, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд