Дар Душанбе сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар сессия зиёда аз сад аъзои Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.
Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ дар оянда ба омода намудани мутахассисони моҳир, пурдон ва эҷодкор, инчунин такмил додани фаъолияти илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки ба сафи Академияи хурди илмҳо неруи нав аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ҷалб карда шавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни ифтитоҳи сессия иброз намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати ниҳоят баланд рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имконияти мусоид фароҳам овардаанд.


Ҳамин аст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Президенти Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Дар идома аъзои фаъоли Академияи илмҳои хурд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






