Дар Истаравшан ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд

Январь 7, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бобати тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, бо иштироки зиёда аз 300 корманди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аҳли илму адаб, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастури раҳнамо барои тамоми сокинон арзёбӣ гардида, ҳуҷҷати рӯимизии ҳар шахс мебошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли 2024 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои мушаххаси рушди ҷумҳурӣ дар солҳои минбаъда муайян карда шуданд.

Зимни мулоқот якчанд нафар фаъолони соҳаҳои тандурустӣ, иқтисодиёт, маориф, ҷавонон, занон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нуктаҳои асосӣ ва мубрами Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Чунин чорабиниҳо дар ҷамоатҳои деҳот, кумитаҳои маҳалла ва корхонаю ташкилоти шаҳр низ гузаронида мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 7, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд