Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тавзеҳ доданд

Январь 22, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 ҷаласаи васеъ доир гардид. Иштирокдорони ҷаласа  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олиро муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созандагӣ ва оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ унвон карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.  

Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самту соҳаҳои асосии ҷомеа таҳлилу масъалагузорӣ гардида, нуктаҳои иброзшуда ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа бо роҳи таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба рушди иҷтимоӣ, тарбия дар руҳияи эътиқод ба фарҳанги миллӣ ва тандурустию солимгардонӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа дар ҳамкории созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи идома додани сиёсати «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷӣ равона шудаанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо муайян шудааст.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, сохтмон, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумориданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Боиси ифтихор ва масъулияти баланд аст, ки бо боварӣ ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон ба сохтмончиёну меъморон ва соҳибкорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои дурнаморо оид ба бунёди инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, сифати сохтмон ва санъати баланди меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда таҳлил намуданд.

Таъкид шуд, ки мо бояд раванди созандагию бунёдкориро пайваста ҳадафи асосӣ қарор дода, истифодаи самараноки ҳама воситаю захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имконияти воқеии давлатамон таъмин намоем.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо омӯзгорону донишҷӯён доир гардид