Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамзамон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода С.» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Холмаҳмадзода С.» баррасӣ шуданд.
Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба хотири эътибори ҳуқуқӣ (ратификатсия) пайдо намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, баъд аз тасдиқ (ратификатсия) ва мубодилаи тасдиқномаҳо мавриди амал қарор мегирад.
Аҳднома дар заминаи Аҳднома оид ба дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Душанбе, 15 июни соли 2000) ва Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Тошканд, 17 августи соли 2018) омода гардидааст.
Аҳднома аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ мувофиқи мақсад буда, ба Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Муҳтавои он бар зидди давлатҳои минтақа равона нашудааст ва ба робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ таъсири манфӣ намерасонад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






