Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд

Январь 16, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 16.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мусоидаткунанда ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.

Дар ҳамоиш паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлилу баррасӣ шуданд.

Иброз гардид, ки бо назардошти дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияташро тақвият бахшида, тамоми неру ва имкониятро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иқдоми наҷибонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем». Бо овардани ин суханон иштирокчиёни ҳамоиш изҳор доштанд, ки моро мебояд ин гуфтаҳои Президенти Тоҷикистонро сармашқи кор қарор диҳем.

Таъкид шуд, ки давлат муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қонунҳо ба танзим медарорад ва қонунҳо ҳамчун ҳуҷҷати дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ муносибати байниҳамдигарии одамонро ба танзим медароранд. Барои он ки қонунҳои босифат қабул карда шаванд, зарур аст тамоми мушкилоти мавҷуда дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ва фаъолияти назорати иҷрои қонунҳо мавриди таҳлил ва хулоса қарор дода шаванд.

Роҳбарияти мақомот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дар вазъияти пуртазоди имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии он бояд саҳм гузорад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон аст
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад