Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд

Январь 6, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои дахлдор ба ҳаёти низомии мамлакат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардиданд ва ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ ва намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таҳлили тамоми соҳаҳои мамлакат доир ба вазъи мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷомеа ва ҷаҳон сухан гуфта шуд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки «ҳоло мамлакати мо дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияю барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Дар баробари ин, нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешем».

Эътимоди асосии Пешвои миллат бобати амалинамоии ҳадафҳои гуфташуда, пеш аз ҳама, ба Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ аст. Ҳар шаҳрванди худогоҳу хештаншиноси мамлакат, махсусан хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки бо донишу маҳорати баланд ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ дар андешаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон бошанд ва иҷозат надиҳанд, ки нокасону нохалафон нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.

Дар баробари вогузор намудани вазифаи сангин ва пуршараф, яъне ҳифзу ҳимояи марзу бум вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ дар партави таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дорад. Ин аст, ки дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамзамон шуруъ аз моҳи сентябри соли равон маоши онҳо 20 фоизи дигар зиёд мегардад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Январь 6, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид